ФСОБ САҲА таҳти раёсати Тоҷикистон масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳҳои қатли омро баррасӣ намуд

15 майи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Ҳофбург, шаҳри Вена ҷаласаи навбатии пленарии Форуми Ҳамкории Ташкилоти Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ФСОБ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласа ба раванди амалинамоии Қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид 1540 (масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳҳои қатли ом) бахшида шуд.
Барои ширкат дар ҷаласаи пленарӣ ҳамчун асосии ҳисоботдиҳанда Директори Агентии амнияти ядрӣ ва радиологӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Илҳом Мирсаидзода даъват гардид, ки муаррифии амалигардонии муқаррароти қарори 1540 дар кишвари мо пешниҳод намуд.
Дар ҷаласаи пленарӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои талошҳои умумӣ барои пешгирии паҳншавии силоҳҳои қатли ом, аз ҷумла силоҳҳои ҳастаӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, технологияҳои интиқоли онҳо ва роҳҳои бартараф намудани мушкилот ва чолишҳои марбут баррасӣ шуданд.
Дар суханронии худ намояндаи Тоҷикистон ба кишварҳои иштирокчии САҲА маълумот дар бораи қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, ки масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳҳои қатли ом (СҚО) ва назорати содиротро дар кишвар танзим мекунанд, пешниҳод намуд. Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа бо сохтори Агентии амнияти ядрӣ ва радиологӣ ва Маркази омӯзишии минтақавии пешгирии паҳншавии СҚО ва назорати содирот барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки саҳми назаррас дар омодасозии кадрҳои соҳа дар минтақа дорад, шинос шуданд. И. Мирсаидзода инчунин дар бораи лоиҳаҳо дар соҳаи пешгирии паҳншавии СҚО ва назорати содирот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкорони байналмилалӣ амалӣ намудааст, маълумот дод.
Ин ҷаласаи пленарӣ, ки ба 25-солагии қабул гардидани Принсипҳои САҲА оид ба пешгирии паҳншавӣ (аз 3 декабри 1994) бахшида шудааст, майдони муносиб барои баррасии тадбирҳои эҳтимолӣ барои тақвияти кӯмакҳои САҲА дар татбиқи нақшаҳои ихтиёрии миллӣ пеш аз марҳилаи омодагӣ ба баррасии ҳамаҷонибаи иҷроиши қарори 1540, ки дар соли 2021 муқаррар шудааст, буд.
